Боздошти сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон
Сухангӯи Кумитаи марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми ифшои асрори маҳрамонаи давлатӣ боздошт шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, манобее дар Душанбе таъйид кардаанд, ки Муҳаммад Улӯғхоҷаев, сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон ба иттиҳоми интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми ҷустуҷӯи хонаи Муҳаммад Улӯғхоҷаев дар роёнаи вай иттилооти маҳрамонаи давлатӣ пайдо шуда, ки аз тариқи шабакаҳои паёмрасон ба тарафи хориҷӣ мунтақил шудааст, аммо ин ки ин иттилоот ба кадом кишвари хориҷӣ ё ниҳоди амниятӣ ирсол шуда, мушаххас нест.
Ин манобеъ таъкид кардаанд, ки дар пайи ин ҳодиса генерал Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба тамоми масъулони вазоратҳо ва идороти ҳукуматӣ дархост кардааст, ки аз интишори ҳар навъ ахбор аз фаъолияти ниҳодҳои зермаҷмӯаи худ аз тариқи сухангӯён бидуни мувофиқати масъулон ҷилавгирӣ шавад.
Коршиносон муътақиданд, ки бо ин иқдом дастрасӣ ба ахбору иттилоот аз фаъолияти вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки то ба ҳол бисёр сахт буд, барои хабаргузориҳо ва сомонаҳои хабарӣ амалан ғайримумкин хоҳад шуд.