Истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон ба дархости Русия аз Белгия
(last modified Sun, 28 Apr 2019 04:09:46 GMT )
Апрел 28, 2019 09:09 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон ба дархости Русия аз Белгия

Полиси байналмиллал ба дархости Русия як табаъаи 38 солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои қочоқи маводди мухадир дар Белгия боздошт ва ба Маскав истирдод кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, сухангӯи Вазорати кишвари Русия бо эъломи ин хабар таъкид кардааст Далер Луқмонов табаъаи Тоҷикистон узви як гуруҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир аст, ки бо мусоидати  Интерпол ва кумаки Созмони зиндонҳои Русия дар Белгия боздошт ва ба Маскав мунтақил шуд.

Хонум Ироно Волак гуфтааст, ки ин табаъаи Тоҷикистон ба ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамдастонаш қасд дошт 280 кило ҳашишро аз Нидерланд дастрас карда ва ба Русия мунтақил кунад. Аз ин ру исми вай дар руйхатти афроди таҳти пайгарди қазоии полиси байналмиллал қарор дода шуд, ки дар қаламрави Белгия шиносоӣ ва боздошт шуд. Мақомоти қазоии Русия Далер Луқмоновро узви гуруҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ қарор дода буданд, Интерпол акнун вайро ба Маскав мунтақил кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Созмони зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 29 ҳазор зиндонии хориҷии давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки 8 ҳазор нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Аксари ин афрод ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба зиндон маҳкум шудаанд.