Эъмоли маҳдудият дар интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи марказӣ
Бонкҳо ва муъассисоти молӣ ва эътибории Русия эълом кардаанд мизони интиқоли пул аз ин кишвар ба хориҷ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи марказиро маҳдуд хоҳанд кард.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, ҳадаф аз ин маҳдудият коҳиши хатари истифодаи ғайриқонунӣ аз ин манобеъи молӣ унвон шудааст.
Бар асоси ин гузориш, интиқоли пул ба хориҷ аз тариқи системҳои Вестерн юниён, Контакт ва "Тоҷи тиллоӣ" ба Чин, Ветнам, Қазоқистон ва Қирғизистон маҳдуд мешавад.
Акнун танҳо интиқоли 100 то 150 ҳазор рубли русӣ ба ин кишвар имкон пазир аст.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2018 ашхоси ҳақиқӣ аз русия ба хориҷ беш аз 34 миллиард доллар интиқол додаанд.
Ин шохис дар кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд дар соли 2018 беш аз 13 миллиарду 280 миллион доллар будааст.
Бар асоси омори Бонки марказии Русия коргарони муҳоҷири тоҷик соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон 2 миллиарду 600 миллион доллар пул ирсол кардаанд.
Ин шохис то оғози таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия дар соли 2014 беш аз 4 миллиарду 200 миллион доллар будааст.
Коҳиши интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон муҷиби ошуфтагӣ дар бозори дохилӣ ва буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон шуд.