Ширкати Фароз ба хостаҳои муътаризон тан дод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43419-Ширкати_Фароз_ба_хостаҳои_муътаризон_тан_дод
Ширкати Фароз ба хостаҳои муътаризон нисбат ба таъмини ҳуқуқашон тан дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 30, 2019 08:58 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Фароз ба хостаҳои муътаризон тан дод

Ширкати Фароз ба хостаҳои муътаризон нисбат ба таъмини ҳуқуқашон тан дод.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, яке аз муътаризон гуфтааст масъулони ширкати Фароз зимни пазириши мутолиботи коргарони муътариз мутаъаҳҳид шудааст, ки ин коргарон ҳамчунон ба фаолияти худ дар ҷамъоварии шираи камол идома диҳанд.

Шираи гиёҳи камол яке аз гаронтарин мавод барои таҳияи дору дар Бозори ҷаҳонӣ аст, ки дар Тоҷикистон ширкати Фароз ҷамъоварӣ ва тиҷорати пурсуди онро дар инҳисори худ дорад.

Гуфта мешавад  ширкати Фроз мутаъаллиқ ба Шамсуллоҳ Соҳибов домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Ин барои нахустин бор аст, ки як сохтори бонуфузи вобста ба ҳукумати Тоҷикистон ба хостаҳои муътаризон тан медиҳад.