Гугл ҳам дар Тоҷикистон масдуд шуд
Аз шомгоҳи 2 майи соли ҷорӣ, ҷустуҷӯгари Гугл дар қаламрави Тоҷикистон ғайри фаъол шудааст ва корбарон наметавонанд аз хидматрасонии ин ширкат истифода кунанд.
Ба нақл аз сомонаи Гонюз, пештар хадамоти play market Translator Gmail Google Forms Google Диск Google mars низ дар Тоҷикистон масдуд шуда буд.
Ин дар ҳоле аст,ки дастрасӣ ба хабаргузориҳои Азия Плус, Ахбор ва Фарғона дар қаламрави Тоҷикистон ғайри мумкин шудааст.
ҳамчунин аксари шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар масдуд ҳастанд.
Аммо Илҳом Аттоев муовини раиси хидматрасонии давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон мудаӣ аст, масдуд шудани ҷустуҷӯгари Гугл ба ин хадамот иртиботе надорад ва акнун кори гуруҳи ҷижае ин мавзуъро баррасӣ мекунад.
Аз суи дигар Рустам Гулов коршиноси умури иртиботот муътақид аст, масдуд кардани ҷустуҷӯгари Гугл дар Тоҷикистон метавонад кори хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти ин кишвар бошад; чаро,ки пас аз нокомии ин хадамот дар афзоиши қимати Интернет дар Тоҷикистон,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо пушиши густардае рӯ ба рӯ шуд, муҷиби хашми мақомоти хадамоти давлатии иртиботот ва мухобирот шудааст. Дар ҳоле,ки бо таъсиси маркази воҳиди мухобирот дар Тоҷикистон,ки бар фаъолияти тамоми Ширкатҳои телефони ҳамроҳ ва ироа диҳандагони хадамоти Интернет назорат дорад, масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоъӣ, хабаргузориҳо ва сомонаҳои хабарӣ кори осоне ба ҳисоб меояд.
Ҳамчунин Ғафур Эркаев мудири Анҷумани хадамоти телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон мегуяд; ширкатҳои бузург дар хориҷ барои масдуд кардани хадамоти мухталифи Интернетӣ дар Тоҷикистон манфиат надорад ва мутаҳамили хасороти фаровон хоҳад шуд.
Вай муътақид аст, иллати аслии масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, хабаргузориҳо ва сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон матолибе аст,ки аз ин шабакаҳо мунташир мешавад ва ба мазоқи мақомоти давлатӣ хуш намеояд.