Дарёфти 11 маврид шикояти шиканҷа дар Тоҷикистон, таи се моҳ
Эътилоф зидди шиканҷ дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, аз дарёфти 11 мавриди шикоят аз шаҳрвандони ин кишвар ҳангоми боздошташон, таи се моҳи нахусти соли равон хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, масъулони Эътилофи зидди шиканҷ дар Тоҷикистон мегуянд, дар миёни ин афрод як зану як фарди ноболиғ низ мушоҳида мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 ба гузориши Эътилофи зидди шиканҷ дар Тоҷикистон 44 маврид шикоят аз шиканҷа шудани шаҳрвандони ин кишвар ҳангоми боздошт дар идораҳои полис дарёфт шуд, ки дар бархе маворид бо маълулияти онон ҳамроҳ будааст. Аксари ин ашхос муддаъӣ шуда буданд, ки бо истифода аз барқу ботум мавриди зарбу шатм қарор гирифтанд ва бо фишори равонӣ ва таҳдид ба озору азияти аъзои хонаводаашон дар сурати эътироф накардан ба иттиҳомоти мавриди иддаои бозҷӯён дар идораҳои полис, таҳти шиканҷа қарор гирифтаанд.
Дар ҳоли ҳозир 10 мавриди шикоят аз шиканҷа шудани ашхос дар идораҳои додситонии кулли Тоҷикистон таҳти пайгирӣ аст.
Умарҷон Эмомалӣ сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон вуҷуди шиканҷаро инкор намекунад ва муътақид аст, ки дар бештари маворид афроди ғайриҳирфаӣ, ки дар идораҳои полис фаолият мекунанд, даст ба чунин иқдомоти ношоисте мезананд.
Ба гуфтаи вай дастури акидди генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ин аст, ки аз шиканҷа истифода накунанд, аммо мутаъсифона ин фармон иҷро намешавад.
Эътилофи зидди шиканҷ дар Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳатто кормандони муқассири полис дар шиканҷаи афрод дар аксари маворид мууҷозот намешаванд ва иттиҳоми онон ба унвони фаро рафтан аз ҳадди ихтиёрот арзёбӣ мешавад.
Ҳарчанд, ки Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия кардааст, ки ҳангоми боздошт ва бозҷӯӣ аз ашхоси мазнун ба иртикоби ҷурму ҷиноят бояд ин раванд дар ҳузури вакилони мудофеъи онон анҷом шавад ва дар зоҳир мақомоти масъул ин дархостро пазируфтаанд, аммо замони иҷроӣ шудани ин муқаррарот мушаххас нест.