Талоши бистсолаи номуваффақи як паноҳандаи афғонӣ барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон
Як хонуми аҳли Афғонистон эълом кард беш аз бист сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва то ба ҳол талошҳояш барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ба ҷое нарасидааст.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, Нафиса Абдулҳакими 44 сола гуфтааст, ки дар паи ҳамлаи гуруҳи Толибон ба шаҳри Мазор Шариф дар тобистони соли 1998 бо қайқ аз Омударё убур карда ва худро ба Тоҷикистон расондааст ва акнун дар ноҳияи Ваҳдат ба сар мебарад.
Вай мегуяд чаҳор фарзанд дорад, ки сарнавишти ояндаи онон рушан нест чаро, ки ба далели надоштани шаҳрвандии Тоҷикистон наметавонанд вориди донишгоҳ шаванд ва дар оянда барои худ коре пайдо кунанд.
Ин хонуми афғонистонӣ муътақид аст аз зиндагӣ дар Тоҷикистон розӣ аст ва танҳо нуктаи нигаронкунанда, норушан будани сарнавишти фарзандонаш аст, ки ба далели надоштани шаҳрвандии ин кишвар аз вуруд ба донишгоҳ ва пайдо кардани шуғли муносиб маҳрум ҳастанд.
Дар тоҷикистон бар асоси омори расмӣ наздик ба 3 ҳазор паноҳандаи хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ки 2 ҳазору 600 тан аз онон аҳли Афғонистон ҳастанд.
Бо ин ҳол Имронҷони Эмомалӣ сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегуяд, Нафиса Абдулҳаким барои дарёфти шаҳрвандии тоҷикистонӣ ба таври расмӣ муроҷиъа накардааст ва дар сурати дарёфти номаи вай, ин мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин кормандони Созмони ғайридавлатии "Инсон ва адолат", ки ба умури паноҳандагон расидагӣ мекунанд гуфтаанд омодаанд ба хонуми Нафиса Абдулҳаким барои таҳияи асноди ҳуқуқӣ ба манзури дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон кумак кунанд.