Май 14, 2019 09:12 Asia/Dushanbe
  • Масъули Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд равонаи зиндон шуд

Раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зиндонӣ шудани раиси Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ,  Маъруф Бурҳониён гуфтааст, ки Абдулғаффор Юлдошов раиси  Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми даст доштан дар оташсӯзӣ дар манзили маскунии ҳамсояаш дар фармондории Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муддати 1 солу шаш моҳ ба зиндони машрут маҳкум шудааст, ки бояд то баррасии додхости таҷдиди назари ин ҳукм дар боздошти муваққат бошад.

Раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кардааст, ки раиси Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бояд то замони баррасии додхости назар дар боздошт бимонад ва пас аз ин муддат, даврони маҳкумияти машрути вай оғоз мешавад.

Дар Тоҷикистон афроде, ки ба зиндони машрут маҳкум шудаанд бояд ҳамвора дар идораҳои полис ҳозир шаванд ва ҳаққи тарки маҳали сукунати худро надоранд.

Масъулони Ҳизби демократ дар Душанбе аз сарнавишти Аблулғаффор Юлдушов, ки мақомоти қазоии вилояти Суғд бидуни иттилои хонаводааш вайро ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил кардаанд, ибрози нигаронӣ кардаанд. Дар ҳоле ки афроди маҳкум ба зиндони машрут бояд озод ва таҳти назари полис бошанд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон , ки дар соли 1990 таъсис шудааст таи наздик ба 30 сол борҳо таҷзия ва ба ҷиноҳҳои мухталиф тақсим шуда ва то ба ҳол натавонистааст ба унвони як ташаккули мунсаҷими ҳизбӣ  фаолият кунад.