Оғози таҳаррукоти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои интихоботи парлумонии соли 2020
(last modified Wed, 15 May 2019 05:50:28 GMT )
Май 15, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳаррукоти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои интихоботи парлумонии соли 2020

Масъулони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз оғози таҳаррукот барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020-и ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Таҷик-Та, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо тасдиқи ин мавзӯъ эълом кардааст,  ки 7 ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар бояд рӯйхати нозирони худро барои ҳузур дар 41 ҳавзаи интихоботӣ ироа кунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, ки танҳо намояндаи ин гурӯҳ дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон аст мегӯяд, феҳристе шомили 84 нозири ин гурӯҳ барои ҳузур дар ҳавзаҳои интихоботиро ба Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ бо вуҷуди ин, ки дар чор давр аз интихоботи парлумонии қаблии ин кишвар натавонист намояндаеро ба Маҷлиси қонунгузор бифиристад, аз ироаи феҳристи нозирон барои ҳузур дар ҳавзаҳои интихоботӣ хабар дод, аммо вай таъкид кардааст, ки ба баргузории интихоботи шаффоф ва озод дар Тоҷикистон бовар надорад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ), ки вай низ танҳо намояндаи ин гурӯҳ дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон аст, мӯътақид ба баргузории интихоботи озод аст.

Дар интихоботи моҳи марти соли 2015 Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо касби 65, 2 % овозҳо аксари курсиҳои намояндагиро дар Маҷлиси қонунгузории ин кишвар ба худ ихтисос дод.  

Дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки дар моҳи феврали соли 2020 баргузор мегардад, бояд 63 намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишвар мушаххаси шаванд.