Фаъолияти 8 урдугоҳи русзабони ДИИШ дар Афғонистон
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, дар хоки Афғонистон 8 урдугоҳи русзабони ДИИШ фаъол аст, ки дар он атбои Осиёи Марказӣ ва Русия машғули фаъолият ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар умури мубориза бо терроризм, дар конфронси “Мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва манобеи молии онҳо” дар шаҳри Душанбе гуфт, дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон 10 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳузур доранд, ки таҳдиде барои ин кишвар ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд.
Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд, аммо раҳбари Толибон дастуреро содир карда, ки дар он аз ҳамаи аъзои ин ҷунбиш барои мубориза алайҳи ДИИШ дар Афғонистон даъват шудааст ва эҳтимол дорад, ки ин мавзуъ авзоъро тағйир диҳад.
Ба гуфтаи ин мақоми рус, тафовут миёни Толибон ва ДИИШ дар ин аст, ки манофеи Толибон танҳо дар дохили Афғонистон маҳдуд мешавад, аммо ДИИШ иддаои хилофат дар кулли ҷаҳонро дорад.
Олег Сиромолотов таъкид кард, сулҳ дар Афғонистон бидуни гуфтугӯи сиёсӣ миёни Толибон, мақомоти расмии ин кишвар ва дигар тарафҳо ҳосил нахоҳад шуд.
Конфронси ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаии мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва манобеи молии онҳо дар шаҳри Душанбе рӯзи 17 май, бо ҳузури намояндагони 50 кишвари мухталиф ва 37 созмони байналмилалӣ баргузор шуд.