Май 18, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Чин шикофи марзии Афғонистон ва Тоҷикистонро мебандад

Тоҷикистон бо ҳамкории Чин бо сохти роҳ дар бахше аз манотиқи марзии худ бо Афғонистон, баъзе шикофҳои кӯҳистониро дар ин манотиқ мебандад.

Ба гузориши ИРНА, ба манзури бастани бузургтарин шикофи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки маҳалли ҳузур ва пинҳон шудани гурӯҳҳои террористӣ аст, Тоҷикистон бо ҳамкории Чин дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин роҳи марзӣ месозад.

Ин роҳ, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар муддати ду сол сохта мешавад, беш аз 70 километр тӯл дорад ва барои ҳифозат аз марзи ҳазору 400 километрии Тоҷикистон ва Афғонистон дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст.

Чин дар ҳоле дар иҷрои ин тарҳ ба Тоҷикистон кумак мекунад, ки афзоиши ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон, метавонад аз тариқи хоки Тоҷикистон барои амнияти Чин низ таҳдидкунанда бошад.

Дар ин минтақа ба далели вуҷуди кӯҳҳо ва тепаҳои сангӣ то кунун роҳе сохта нашуда ва набуди роҳ назорат бар манотиқи марзиро бисёр душвор кардааст. Ба наҳве, ки қочоқчиён ва шаҳрвандони одии Афғонистон дар ин минтақа бидуни ҳеҷ мушкиле рафту омад мекунанд.

Чин, ки пештар тарҳҳои иқтисодии бисёреро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар се соли ахир дар ҳавзаи амнияти марзии ин кишвар низ бо давлати Душанбе ҳамкориҳое доштааст.

Дар се соли гузашта танҳо дар маҳдудаи минтақаи Шамсиддини Шоҳин беш аз 20 посгоҳи марзбонии хурду бузург ба манзури мубориза бо терроризм бо сармояи Чин сохта шудааст.

Барчасп