Май 20, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Таъсири кунд шудани  рушди иқтисоди Русия ба Тоҷикистон

Коршиносон ва Ниҳодҳои молии байналмиллалӣ муътақиданд, кунд шудани рушди иқтисоди Русия бар зиндагии мардуми Тоҷикистон низ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Вазорати иқтисоди Русия эълом кардааст, мизони тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар,ки бояд таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба яку ним дар сад мерасид 8 даҳуми дар садро ташкил додааст.

Ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш танҳо ним дар сад афзоиш ёфтааст,ки метавонад сабаби коҳиши ҳуқуқ ва дастмузди коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон низ шавад.

Зиёда аз 1 миллион ва 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик дар соли 20014 аз Русия ба кишварашон 4 миллиард ва 200 миллион доллар фиристода буданд,ки ин шохис дар соли 2018 ба 2 миллиард ва 500 миллион доллар расид. Ба далели коҳиши наздик ба 50 дар садии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон низоми Бонкии Тоҷикистон дучори буҳрони сахте шуд. Ин раванд заминаи лағви иҷозатномаи  ду Бонк ва беш аз 20 муасисаи молӣ ва эътибориро фароҳам сохт ва акнун мардум  наметавонанд супурдаҳои молии хешро аз Бонкҳои буҳронзада бозпас гиранд.

Барои коҳиши вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллаии пул аз Ҳукумати ин кишвар дархост кардаанд,ки бо фароҳам кардани фазои беҳтари сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ решакан сохтани фасод ва ришвахорӣ ва иҷроӣ кардани барномаи иштиғолзоӣ заминаи рушди иқтисоди ин ҷумҳуриро бо истифода аз тавонмандиҳои дохилӣ муҳаё намояд.

Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, Ҳукумати Тоҷикистон барои пазириши ин пешниҳод омода нест ва идомаи фасод ва ришвахорӣ, вуҷуди муҳити тарс ва ноамн барои сармоягузорӣ, андози сангин ва таҳқиқ ва ҷустуҷӯӣ  ниҳодҳои назоратӣ, фаолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар ин кишвар ро ба  шиддат таҳти таъсир қарор медиҳад.