Назм додани оромгоҳҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43893-Назм_додани_оромгоҳҳо_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Ҳукуматии Тоҷикистон дастур додаанд, оромгоҳҳои бузург дар қабристонҳои ин кишвар вайрон шаванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 20, 2019 05:57 Asia/Dushanbe
  • Назм додани  оромгоҳҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Ҳукуматии Тоҷикистон дастур додаанд, оромгоҳҳои бузург дар қабристонҳои ин кишвар вайрон шаванд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона,акнун кормандони додситони кул ва идораи навбунёди Назорат бар замини Тоҷикистон, таҳқиқ дар бораи андозаи оромгоҳҳо дар ин кишварро оғоз кардаанд,ки дар сурати муносиб набудани мақбараҳо ин маконҳо,вайрон хоҳанд шуд.

Бар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон , андозаи оромгоҳ бояд дар абъоди 2 метр дар 1 метр буда ва иртиқои санги мазор низ набояд аз 1 метр ва 50 сантиметр зиёдтар бошад.

Мақомоти Тоҷикистон иддаъо мекунанд,ки бархе аз сокинони ин кишвар ба сохти оромгоҳои бузург бо ҳазинаҳои калон иқдом мекунанд,ки барои ин манзур замини зиёдеро ихтисос медиҳанд. Аз сӯи дигар теъдоде аз оромгоҳҳо аз нигоҳи меъморӣ низ мутобиқ бо қонуни Тоҷикистон нестанд.

Албатта оромгоҳҳои қадимие,ки санаде доранд ва ёдгории таърихӣ маҳсуб мешаванд вайрон нахоҳанд шуд.

Ин мақомот мегуянд,ки дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон мардум ба таври худсарона ба дафни наздикони хеш дар заминҳои кишоварзӣ иқдом карда ва барои онон оромгоҳҳои бузург низ сохтааанд,ки ин амр бархилофи қонун аст ё дар мавориде мушоҳида шудааст,ки заминҳои гуристонро барои сохти манзили маскунӣ истифода кардаанд,ки қонун дар ин замина низ иҷозат намедиҳад. Ду сол пеш ба дастури мақомоти ноҳияи Ваҳдат,оромгоҳи падари шайх Темур яке аз рӯҳониёни тоҷик пас аз боздошти вай вайрон шуд. Ин мақбара аз санги мармар сохта шуда буд ва коргарон таи се то чор рӯз онро вайрон карданд.