“Очаҷон - маро ба об наандоз...” садое ки шунида нашуд
“Очаҷон маро ба об напарто” - охирин хоҳиш ва садои гиряолуди Мино, духтари чорсола аз модараш Хуршедаи 29 сола аст, ки худро бо ду тифли хурдсолаш ба об андохт.
Ба гузориши “Тоҷикистон таймс”, ин ҳодиса рӯзи 16 –уми май рух дод, аммо бо гузашти 4 рӯз ҳанӯз ҷасади ин духтари чорсола пайдо нашудааст. Ҷасади Хуршеда (модар) ва писари семоҳааш - Мансур рӯзи 17 –уми май аз мавзеи Қумоқи рӯдхонаи Зарафшони ноҳияи Панҷакент пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, ки Хуршеда ду тифли хурдсолаш – Минои чорсола ва Мансури семоҳаро бар асари даъвои хонаводагӣ ҳамроҳи худ дар дарёи Зарафшон ғарқ кардааст.
Ба гузориши манбаъ, пеш аз он ки Хуршеда худро ба рӯдхона афканад, бо шавҳараш Ҳасан, ки дар Русия коргари муҳоҷир аст, тавассути паёмрасони Имо суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки худро бо фарзандонаш ба об меандозад. Шавҳари Хуршеда нақл кардааст, ки ҳангоми суҳбат бо хонумаш, садои гиряолуд ва хоҳишу зории духтарчаи чорсолааш Миноро шунидааст, ки мегуфт: “Очаҷон, маро ба об напарто”. Аммо садои зориву таваллои ин кудаки маъсум ба гӯши модар нарасид ва модар ӯро бо худ ва Мансури семоҳааш ба оғӯши сарди рӯди Зарафшон андохт.
Сабаби худкушии Хуршеда хушунати хонаводагӣ ном бурда шудааст. Аммо як манбаи “Ахбор” гуфтааст, ки даъвои Хуршеда на бо аҳли хонаводаи шавҳараш, балки бо худи шавҳар будааст. Зеро шавҳараш ӯро тавассути телефони ҳамроҳ “талоқ” додааст ва ин боис шуда то зан аз сари хашму ҷаҳл даст ба худкушии худ ва фарзандонаш бизанад.
Мақомоти зирабт нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд ва тафтишоти ҷузъиёт идома дорад.