Коҳиши издивоҷ ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон
Аз ибтидои соли равон таи 5 моҳи гузашта мизони издивоҷ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, аммо талоқҳои ҳамсарон ру ба афзоиш ниҳодааст.
Ба нақл аз Авесто, теъдоди ақди никоҳҳои сабтшуда таи ин муддат 21 ҳазору ҳафтсад маврид эълом шудааст. Ин омор дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2018 се аз даҳ чаҳор дарсад камтар аст.
Гуфта мешавад раванди коҳиши издивоҷ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон таи моҳҳои январ то майи соли 2019 беш аз 3 ҳазору 100 маврид талоқи ҳамсарон ба сабт расидааст, ки рушди 3 аз даҳ 8 дарсад нисбат ба давраи мушобеҳи соли пешро нишон медиҳад.
Раванди ру ба афзоиши талоқ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ғайр аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои марказии ин кишвар қобили мушоҳидааст.
Тоҷикистон дар гузашта аз ҷумлаи кишварҳои дорои бунёнҳои қавии хонавода ба ҳисоб меомад.