Мавҷи ҷадиди масдуд кардани сайтҳои пуркорбурд дар Тоҷикистон
Як рӯз пас аз ҳодисаи ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, ки тибқи иттилои мақомоти расмӣ 32 кушта бар ҷой гузошт, мавҷи ҷадиди сайтбандӣ дар ин кишвар ба роҳ афтодааст.
Ин хабарро хабаргузориҳои ИТАР-ТАСС ва РИА Новости мунташир карда ва навиштаанд, ки рӯзи 20-уми май сомонаи маъруфи интернетии шомили Google, YouTube, Facebook ва сомонаҳои русзабон, монанди Одноклассники ва ВКонтакте ва низ бархе сомонаҳои русӣ ва тоҷикии пурмухотаб дар қаламрави Тоҷикистон масдуд шудаанд.
ИТАР-ТАСС ва РИА Новости бо истинод ба ширкатҳои интернетии фаъол дар Тоҷикистон навиштаанд, тасмим дар бораи масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи ҳукумати ин кишвар гирифта шудааст.
Бархе манобеи ҳукуматии Тоҷикистон ин иддаои расонаи русиро рад карда ва бархе дигар сукут кардаанд.
Дар ҳамин ҳол мудофеони ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон аз мавҷи ҷадиди масдуд кардани сайтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон интиқод карда ва онро ба зарари Тоҷикистон унвон кардаанд.