Мухолифати раисҷумҳури Тоҷикистон бо дархости афви 99 зиндонӣ
Май 24, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо дархости афви 99 нафар аз зиндониёни ин кишвар, ки бар асоси қонуни ҷадид сурат гирифтааст, мухолифат кард.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Эмомалӣ Раҳмон дар фармоне эълом кард, дар пайи баррасиҳои анҷомшуда дар бораи дархости афви ин 99 зиндонӣ, бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳо ва мизони ҷурми онҳо, аз судури дастури афв барои онҳо худдорӣ кардааст.
Аз соли 2017 зиндониён дар Тоҷикистон ин ҳақро ёфтанд, ки як бор дар сол аз раисҷумҳури ин кишвар дархости афв кунанд.
Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳафтаи гузашта шӯриши хунин дар зиндони “Роҳатӣ”, дар атрофи шаҳри Душанбе 32 кушта бар ҷой гузошт.