Таъсиси Камиссиони вижаи давлатӣ барои ҷамъоварии садақаи фитрия ва андоз аз масҷидҳои Тоҷикистон
(last modified 2019-05-28T04:24:54+00:00 )
Май 28, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Камиссиони вижаи давлатӣ барои ҷамъоварии садақаи фитрия ва андоз аз масҷидҳои Тоҷикистон

Имомони масҷидҳои Тоҷикистон эълом кардаанд ҷамъоварии садақаи фитрия ва андоз аз масҷидҳои ин кишвар бар уҳдаи Камиссиони вижаи давлатӣ хоҳад буд ва пардохти шахсии садақаи фитрия ба ашхоси ниёзманд мамнуъ аст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Шурои уламои исломии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб таъкид кардааст бояд то рӯзи 28 майи соли равон ҳар масҷид маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба унвони андоз пардохт кунад.

Дар соли 2018 низ Камиссиони вижаи давлатӣ ба ҷамъоварии садақаи фитрия аз сокинони ин кишвар иқдом кард, ки гуфта мешавад ин маблағ ба 40 миллион сомонӣ баробар бо 4 миллион доллар расида буд.

Бар ин асос агар ҳам фарде садақаи фитрияи худро ба ашхоси ниёзманд пардохт карда бошад вазифа дорад дубора маблағи 5 сомонӣ ба Камиссиони вижаи давлатӣ пардохт кунад.

Ҳамчунин аз намозгузорон дархост шудааст, то рӯзи 28 май кумакҳои хайрияи худро ба масҷидҳо таҳвил диҳанд чаро, ки ҳар як аз ин марказҳои ибодӣ ба пардохти маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба унвони андоз вазифадор шудаанд ва танҳо роҳи ҷамъоварии ин пул ёрии мардум аст.

Камиссиони вижаи давлатӣ иддао мекунад садақаи фитрияро барои умури оммулманфиа (ба нафъи мардум) ва кумак ба хонаводаҳои фақир ҳазина хоҳад кард. Аммо коршиносон ба ин мавзӯъ бо дидаи шубҳа ва тардид нигоҳ мекунанд чаро, ки маъмулан ҳарҷо ниҳодҳои ҳукуматӣ вориди амал шуданд фаолиятҳои онон бо фасоди молӣ ҳамроҳ будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 1990 ва дар даврони ҳукумати Шуравӣ бо пешниҳоди идораи умури мусалмонони вақти Тоҷикистон ва мувофиқати парлумони ин ҷумҳурӣ масҷидҳои ин кишвар аз пардохти андоз муоф шуда буданд.