Май 28, 2019 14:36 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад

Ҳайъати Русия ба раёсати вазири дифои ин кишвар аз Душанбе пойтахти Тоҷикистон боздид мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Шайго вазири дифои Русия дар раъси ҳайъате имрӯз 28 май ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ҷузъиёти сафари вазири дифои Русия ба Душанбе токунун мунташир нашуда, аммо тибқи гузориши бархе расонаҳои Русия ин сафар бо ҳадафи баррасии ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар анҷом мешавад.

Интизор меравад Шайго дар ҷараёни ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва аз пойгоҳи низомии 201 Русия дар қаламрави ин кишвар боздид кунад.

Пойгоҳи низомии 201 Русия бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷа буда бинобар тавофуқномаи ду кишвар то соли 2042 ҳаққи фаолиятро дорад.

Русия ва Тоҷикистон ду шарики стратегӣ ҳастанд, ки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахши ҳамкории низомии ду кишвар ба шумор меравад.