Ҷаримаи моликони ғизохуриҳо барои иқомаи намози муштариён
Мақомоти низомии Тоҷикистон ба моликони ғизохуриҳо ва ресторанҳо дастур додаанд ҳангоми наздик шудани замони ифтор ба муштариёни худ иҷозаи иқомаи намози шом дар ин марказҳоро надиҳанд. Дар сурати коршиканӣ ин марказҳо 12 то 20 ҳазор сомонӣ (баробар бо 1 ҳазору 200 то 2 ҳазор доллар) ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.
Ба нақл аз хабаргузоррии Ахбор, теъдоде аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтаанд, замоне, ки ба маросими ифтории дустони худ дар ресторанҳои пойтахти Тоҷикистон рафтаанд, ҳангоми наздик шудани замони намози шом, моликони ин маконҳо аз онон хоҳиш кардаанд намози худро дар ҷое дигар иқома кунанд.
Ба гуфтаи моликони ғизохуриҳо кормандони идораҳои низомӣ ба онон дастури акид додаанд, ки ба ҳеҷ шахсе иҷозаи иқомаи намоз надиҳанд ва дар ғайри ин сурат ба пардохти ҷаримаҳои сангини молӣ маҳкум хоҳанд шуд.
Як мақоми низомӣ дар шаҳри Душанбе бидуни ифшои номи хеш таъкид кардааст дар воқеъ чунин дастуре ва он ҳам дар моҳи мубораки Рамазон ба моликони ғизохуриҳо ва ресторанҳо дода шудааст, ки аз иқомаи намози муштариёнашон пешгирӣ кунанд.
Ин мақоми низомӣ таъкид кардааст, ки ин дастур мхолифи эътиқоди мазҳабии мардуми мусалмони Тоҷикистон аст вале кормандони идораҳои низомӣ маҷбур ба иҷрои фармонҳои масъулони радаболо ҳастанд.
Аз ин ру сокинони шаҳри Душанбе ин пурсишро матраҳ мекунанд, ки иқомаи намози шом дар ғизохуриҳо ва ресторанҳои пойтахти Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон чи таҳдиде алайҳи амнияти миллии ин кишвар эҷод хоҳад кард?