Май 31, 2019 21:26 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Шӯрои иттиҳодияи Аврупо аз дарёчаи Саррез ва ноҳияи Дарвоз

Раиси Шӯрои иттиҳодияи Аврупо дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон аз дарёчаи Саррез ва ноҳияи Дарвоз дар вилояти Бадахшон боздид кард.

Доналд Туск дар саҳифаи худ дар шабакаи Фесбук навиштааст,ки шоҳиди манзараи бисёр зебои кӯҳистони Бадахшон, обшудани яхдонҳои табиӣ ва авзоъи дарёчаи Саррез шудааст.

Вай таъкид кардааст,ки дарёчаи Саррез дар оғуши кӯҳистони Бадахшон  дар воқеъ ҳам бисёр зебо мебошад, аммо агар якдонҳои перомунии он зуб  намешуд ва ба таври қатъ ба ҳусни ин манзараи кӯҳистонӣ меафзуд. Раиси Шӯрои иттиҳодияи Аврупо навиштааст,ки панҷ яхдони табиӣ дар ин минтақа  зуб шудааст ,ки идомаи ин раванд ҷои нигаронӣ дорад. Аз ин рӯ зарурати  муқобилаи муштараки иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон бо падидаи тағийроти иқлимӣ вуҷуд дорад. Раиси Шӯрои иттиҳодияи Аврупо дар ҷараёни сафари ду рӯзааш ба тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор роҷеъ ба ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла сиёсӣ , ҳуқуқи башар, амният ва кумакҳои башардӯстона баҳс ва табодули назар шуд.

Сафари Доналд Туск ба Тоҷикистон дар чорчуби дидорҳои вай аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Барчасп