Хисорати сел ба даҳҳо хонавода дар шимоли Тоҷикистон
(last modified Mon, 03 Jun 2019 12:12:40 GMT )
Июн 03, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Хисорати сел ба даҳҳо хонавода дар шимоли Тоҷикистон

Сели шаби дувуми июн дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, даҳҳо манзили сокинони ин шаҳрро хароб карда ва дому чорвои мардумро бо худ бурдааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Спутник”, ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов ва Пулотови шаҳри Конибодом бештарин хисорат аз сели шаби дувуми июнро дидаанд.

Ба иттилом манобеи хабарӣ, сел танҳо дар ҳудуди ҷамоати Ғафуровҷон Ортиқов беш аз 40 хонаро хароб карда ва ҳудуди 50 сар дому чорвои сокинонро бо худ бурдааст. Ба васоили нақлияи хусусии сокинони шаҳр низ хисорат ворид шудааст.

Дар кӯчаи ба номи Бобокалонови шаҳри Конибодом низ беш аз 20 манзили сокинон хароб шудааст. Пули рӯйи рӯдхонаи кучаки ҷамоати Ғафуровҷон Ортиқов низ тахриб шудааст. Дар бораи ин ки ин ҳодиса талафоти инсонӣ дошта ё хайр, ҳанӯз иттилое дар даст нест.

Ҷамоати Ғафуровҷон Ортиқов яке аз бузургтарин маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Конибодом буда, ҳаммарз бо шаҳристони Исфараи устони Суғди Тоҷикистон аст.

Image Caption

 

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар Суғд гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса камиссиюни вижае таъсис ёфта ва машғули баррасии хисороти ворида аз сел ҳастанд.

 

 

Барчасп