5 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон барои барқарории шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ
(last modified 2019-06-12T04:35:16+00:00 )
Июн 12, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • 5 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон барои барқарории шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ва иттисоли хутути барқи ин кишвар ба ин система маблағи 5 миллион доллар ихтисос додааст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, барои фаъолияти дубораи ин шабака маблағи 40 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд, ки 5 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва 35 миллион доллар кӯмаки билоавази Бонки рушди Осиё аст.

Дар назар аст дар чорчӯби ин тарҳи иттисоли тамоми хутути барқи Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар соли 2009 аз сӯи ҳукумати вақти Тошканд ба таври якҷониба тахриб шуда буд, дубора барқарор шавад.

Ба манзури иттисоли дубораи хутути барқи ин ду кишвари ҳамсоя ва азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ сохти ду хатти нави 500 киловатӣ миёни шимоли Тоҷикистон ва вилояти Тошканди Узбакистон барномарезӣ шудааст.