Июн 12, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба таҷаммӯи эътирозии мухолифони озодии Ёров

Иттиҳодияи Аврупо бо интишори баёнияе ба таҷаммӯи эътирозии камшумори ҷонибдорони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе алайҳи озодии Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии тоҷик тартиб дода шуда буд, вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз сомонаи Tajikte, дар ин баёния таъкид шудааст, ки иттиҳодияи Аврупо ба ҳаққи озодии таҷаммӯоти шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиром мегузорад, аммо боздошти Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии тоҷикро иқдоме худсарона медонанд ва барои озодии вай исрор меварзад.

Дар баёнияи ин коргурӯҳ эълом шуда буд, далели аслии боздошт ва зиндонӣ шудани Бузургмеҳр Ёров ба ӯҳда гирифтани масъулияти ваколати дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон буда, ки муғоир бо тааҳҳудоти байналмиллалии ин кишвар аст.

Мӯътаризон дар Душанбе алайҳи озодии Ёров навиштаҳоеро ҳамл мекарданд, ки иддао мешуд Бузургмеҳр Ёров ҷинояткори байналмилалӣ ва ҷосуси Хадамоти амниятии кишварҳои ғарбӣ аст.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентиябри соли 2015 пас аз қабули дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси Кумитаи дифоъ дар ин замина боздошт ва таи се ҷаласаи додгоҳ дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе октиябри соли 2016 вайро бар асоси моддаи 5 Қонуни асосии кишвар даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ даъват ба ифротгароӣ ба 23 сол зиндон бо мусодираи мулк ва амволаш маҳкум кард.

Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд. Дар августи соли 2017 иттиҳом ба таҳқири раиси ҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмуъ ҳукмаш ба 28 сол зиндон расид.

Барчасп