Дархости Убайдуллоҳов барои баррасии одилонаи моҷарои шаш тоҷики мазнун ба қатл дар Маскав
(last modified 2019-06-13T08:10:08+00:00 )
Июн 13, 2019 13:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости Убайдуллоҳов барои баррасии одилонаи моҷарои шаш тоҷики мазнун ба қатл дар Маскав

Раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон баррасии одилонаи моҷарои рафтори таҳқиромези полиси Русия бо шаш тоҷики мазнун ба қатли Сергей Чуев куштигири машҳури рус дар Маскавро хостор шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, Муҳаммадсаид Убайдуллоҳов гуфтааст, ки ин мавзӯъ аз тариқи сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳти пайгирӣ аст.

Вай таъкид кардааст ин моҷаро бояд бар асоси қавонини Русия ба унвони кишвари мизбони коргарони муҳоҷири тоҷик ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ дар заминаи ҳуқуқи башар бидуни табъиз ва тавҳин ба боздоштшудагон мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Ин нахустин вокуниши як мақоми расмии Тоҷикистон ба ҳодисаи боздошт ва рафтори тавҳиномези полиси Маскав бо шаш коргари муҳоҷири тоҷик мазнун ба қатли куштигири машҳури рус аст.

Дар паи даргирии шаш нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар бустоне дар Маскав ва кушта шудани Сергей Чуев куштигири машҳури рус, тоҷикҳо мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва бираҳна дар диди умум қарор дода шуданд, ки ин иқдом бо мавҷе аз маҳкумияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ру ба ру шуд.

Мақомоти полиси Русия муддаӣ шуданд ин шаш тоҷик дар ҳолати мастӣ музоҳими духтарон дар бустони Маскав шуданд ва Чуев ба дифоъ аз ин духтарон бархоста буд, аммо бар асари даргирӣ ҷони худро аз даст дод.

Аммо шаш тоҷик дар навори видеоие, ки полиси Русия мунташир кард мегуянд даргирӣ бо куштигири рус сирфан як мушоҷираи лафзӣ будааст.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муътақиданд ҳатто дар сурати муқассир будани тоҷикҳо дар ин моҷаро полис намебоис бо онон чунин таҳқиромез рафтор мекард ва иттиҳоми ин ашхос бояд дар додгоҳ собит мешуд.