Июн 16, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  • Бекории 6 ҳазор тоҷик самараи фаолият накардани 188 корхона дар Хатлон

Мақомоти ҳукуматӣ дар вилояти Хатлон эълом карданд аз оғози соли равон, 188 корхона ва коргоҳ дар ин минтақа аз кор афтодаанд, ки ин амр муҷиби бекор шудани 6 ҳазор коргар шудааст.

Ба нақл аз сайти Азия-Плюз, аз оғози соли равон дар вилояти Хатлон аз миёни 512 корхона ва коргоҳи тавлидӣ, 188 марказ дигар фаолият намекунанд.

Гуфта мешавад дар бахши саноати вилояти Хатлон наздик ба 16 ҳазор  нафар аз сокинони ҷануби Тоҷикистон машғул ба фаолият ҳастанд.

Бар асоси гузориши расмии мақомоти вилояти Хатлон, дар корхона ва коргоҳҳои ин минтақа таи 6 моҳи нахусти соли равон ба маблағи 2 миллиарду 962 миллион сомонӣ маҳсул тавлид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 362 миллион сомонӣ афзоиш доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон дастур додааст, то аввали моҳи июли соли равон мақомоти масъули ноҳияҳои ин минтақа бояд гузориши амалкарди бахши саноатро ироа кунанд.

Вай таъкид кардааст зарурӣ аст тамоми корхонаҳое, ки ба бахши хусусӣ вогузор шуда ва таи 5 соли ахир фаолият накардаанд мавриди баррасӣ ва дубора дар ихтиёри давлат қарор гиранд.