Нишасти СИКА дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44477-Нишасти_СИКА_дар_Тоҷикистон
Панҷумин нишасти сарони Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё (Conference on Interaction and Confidence-Building Measures in Asia – CICA) ба мизбонии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2019 09:13 Asia/Dushanbe
  • Нишасти СИКА дар Тоҷикистон

Панҷумин нишасти сарони Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё (Conference on Interaction and Confidence-Building Measures in Asia – CICA) ба мизбонии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои ин нишаст тайи суханоне аз ҳузури сарону мақомҳои олии кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кард. Сарони 12 кишвари узв ва намояндагони олирутбаи 15 кишвари дигар дар нишасти Душанбе ҳузур ёфтанд. Дар ҳоли ҳозир СИКА 27 узв дорад, ки дарбаргирандаи 8 кишвари узви нозир ва панҷи созмони байналмилалӣ, ҳамчун Созмони Милал, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳодияи Араб аст.

Дар нишасти Душанбе, ки бо унвони "Чашмандози муштарак барои минтақаи амн ва мураффаҳ" тадорук дида шуда буд, мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки СИКА ба далели вусъат ва ҷамъият аз бисёре аз созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ абъоди густурдатаре дорад, бадеҳист, ки аз аҳамияти бештаре низ бархурдор аст. Дар воқеъ, СИКА муодили 89 дарсад аз кулли арозии қораи Осиё ва наздик ба 72 дарсад аз минтақаи Авруосиёро дар бар мегирад. Дар айни ҳол ҳудуди 3 миллиард нафар ҷамъияти курраи Замин дар ин маҷмӯа зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин ҷамъият, вусъат ва дарбаргирандагӣ ба шиддат таҳти фишорҳои бархе аз давлатҳои султагари ғарбӣ қарор дорад ва мудом мавриди таҳдиди ин даста аз давлатҳо қарор мегирад. Дар ин иртибот Артем Лукин, коршиноси равобити Русия бо Осиё аз Донишгоҳи федералии ин кишвар баргузории ин конфронсро аз лиҳози дидгоҳи авруосиёӣ муҳим баршумурд ва эълом кард: "Асоси авҷгирии ин дидгоҳро ҳашт узви Созмони Ҳамкории Шанхай ташкил медиҳанд. Аммо конфронси мазкур, ки дорои 27 узв аст, аз ин лиҳоз муҳим буда ва ҷомеътар аз Созмони Ҳамкори Шанхай аст. Зимни ин ки аҳамияти ин конфронс дар ин аст, ки ба лоиҳаҳое монанди “Як камарбанд, як роҳ” машрӯият мебахшад".

Ба ҳамин далел, коршиносон мегӯянд, баргузории панҷумин нишасти сарони Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё дар Душанбе дар шароите, ки Амрико афзоиши таҳриму фишорҳо алайҳи Эрон, Русия ва бархе кишварҳои осиёиро ташдид карда, аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Бавижа барои аъзои аслии СИКА, ки бо таҳдиду мушкилоти мутааддиде аз сӯйи Амрико ва бархе давлатҳои аврупоӣ мувоҷеҳ шудаанд, нишасти ҷорӣ аз аҳамияти бештаре бархурдор аст ва метавонад асоси фаъолиятҳои оянда ин конфронсро таҳти таъсир қарор диҳад. Аз ҷумла ин ки эътимоди мутақобили кишварҳои авруосиёии узви СИКА метавонад тавтеаи давлатҳои султагари ғарбиро бидуни дағдаға хунсо кунад ва аҳдофи аъзои ин конфронсро ҳарчи осонтар дар дастраси аъзои ин конфронс қарор диҳад.