Саршумории ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2020
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44559-Саршумории_ҷамъияти_Тоҷикистон_дар_соли_2020
Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории саршумории ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 камиссиони вижае таъсис кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2019 04:54 Asia/Dushanbe
  • Саршумории ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2020

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории саршумории ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 камиссиони вижае таъсис кард.

Ба нақл аз сомонаи Асия-Плюз, барои ин манзур бо ҳамкории идораи умури ҷамъияти Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе, давраҳои омӯзишии кормандони Ожонси давлатии омори Тоҷикистон оғоз шудааст, ки дар он мутахассисоне аз ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Гурҷистон, Малдавӣ, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Миллали Муттаҳид эълом кардааст ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2050 бо афзоиши 5 миллион нафарӣ ба 14 миллиону 500 ҳазор нафар хоҳад расид.

Ҳарчанд, ки бар асоси омори расмӣ, ҷамъияти феълии Тоҷикистон дар моҳи июни соли равон 9 миллиону 290 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо миёнгини рушди ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2019 ба беш аз 2 аз даҳ 3 дарсад хоҳад расид.

Аз сӯи дигар Созмони Миллали Муттаҳид пешбинӣ кардааст, ки бо рушди ҷамъияти Тоҷикистон теъдоди сокинони ин кишвар дар соли 2095 ба 18 миллиону 700 ҳазор нафар хоҳад расид.

Тоҷикистон аз нигоҳи рушди солиёнаи ҷамъият дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар мақоми нахуст қарор дорад.