Июн 24, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлил аз солрӯзи Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

Эмомалӣ Рҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз душанбе 24 июн дар доираи сафари кории худ ба водии Рашт рафт.

Ба нақл аз дафтари матбуъоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон,ҳадаф аз ин сафари корӣ,ширкат дар маросими истиқбол аз бисту дуввумин солгарди рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон,ифтитоҳи чанд корхона ва коргоҳ ва гуфтугӯ бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт эълом шудааст.

Боздиди кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз шуд.

Эмомалӣ раҳмон дар ин ноҳия, майдони варзишӣ муасисаи таҳсилоти мутаваситаи умумии шумораи 1 и ин ноҳияро,ки бо масоҳати 540 метри мурабаъ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Қарор аст дар остонаи истиқболи густарда аз 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон  низ дар 4 рӯстои дигари ноҳияи Сангвор бунёд ва сохтмони 4 майдони варзишӣ таъсис шавад.

Дар остонаи солрӯзи Ваҳдати миллӣ,парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон бо иртиқои  50 метр дар маркази ноҳияи Сангвор дар назди бинои Қасри фарҳанг ҳамроҳ бо навохтани суруди миллӣ барафрошта шуд.