“Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон ҷузви 8 муъҷизаи гардишгарии Созмони Ҳамкории Шанхай + АКС
“Кохи Наврӯз” - и пойтахти Тоҷикистон ба унвони яке аз 8 муъҷизаи муосири Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Ховар”, ин тасмим аз сӯйи дабирхонаи Созмони Ҳамкории Шанхай иттихоз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21 июни соли 2019 дар Пекин, пойтахти Чин ба муносибати рӯзи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай тарҳи иқтидорҳои гардишгарии кишварҳои узви ин созмон таҳти унвони “8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай" мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки “Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон низ ба унвони 8 муъҷизаи ин созмон муаррифӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш “Кохи Наврӯз”-и пойтахти Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи иқтидорҳои гардишгарии СҲШ ба унвони муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба санъати меъморӣ ва наққошии он имтиёзи боло дода шуд.
Ҳуззор дар ин ҳамоиш аз санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва наворҳои видеоӣ аз наздик ошно гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки “Кохи Наврӯз” соли 2010 –и мелодӣ бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, тарҳи мунҳасир ба фарде дорад. Ин кох аз 5 ошёна иборат буда, наздик ба 40 ҳазор метри муррабаъ аз ҳунари дастии устоҳои моҳир ва меъморони чирадасти тоҷикро ташкил медиҳад. Ҳамчунин толорҳои кучаку бузург, айвонҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва толори мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд. 11 толори ин кох бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла гаҷкорӣ, мозайка аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангуборшуда, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва ойиннабандӣ тазйин дода шудаанд.
Дар поён исму номи маконҳои гардишгариеро, ки ба унвони 8 муъҷизаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шудаанд, бо аксҳо меорем:
Тоҷикистон: Кохи Наврӯз;
Узбакистон: Маркази маънавӣ-торихии шаҳри Бухоро – гурӯҳи меъмории “Пои Калон”;
Қазоқистон: маҷмӯаи бостоншиносии Тамгали;
Қирғизистон: дарёчаи Иссиқ-Кӯл;
Русия: Ҳалқаи Тилоӣ (Золотое кольцо);
Чин: дарбори шоҳии Дамин;
Ҳинд: тандиси Ваҳдат;
Покистон: мероси моголи бузург дар Лоҳур;