Июл 01, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷарроҳии Осия Зулфонова бо ҳузури пизишки саршиноси олмонӣ

Як пизишки саршиноси олмонӣ ба даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон барои муолиҷаи духтари шашсолаи тоҷик, ки ҳудуди 12 рӯзи пеш амдан дар оташ сӯзонида шуд, ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эдгар Бимер барои дармони Осия Зулфонова ба Тоҷикистон даъват ва имрӯз дувумин ҷарроҳии Осия бо ҳузури ин пизишки олмонӣ анҷом шудааст.

Осия Зулфонова аҳли ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки 19 –уми июни соли 2019 ба дасти афроде дар оташ сӯзонида шуд.

Пизишкони бемористони шумораи 3-и Душанбе эълом карданд, ки дар ин ҳодиса 65 дарсади бадани Осия сӯхтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазири тандурустии Тоҷикистон дастур додааст то аз ин кӯдаки шашсола ба таври вижа муроқибат шавад.

Эдгар Бимер пас аз мулоқоти аввалия бо Осия Зулфонова дар бемористони шумораи 3 –и шаҳри Душанбе, шароити вайро номусоид тавсиф карда ва гуфтааст, ки барои мудовои ӯ тамоми талоши худро ба кор хоҳад баст.

Ҳамчунин ин профессори олмонӣ гуфтааст, ки дар давраи ҳузураш дар Тоҷикистон ба ҳамаи атфоли бистарӣ дар ин бемористон расидагӣ хоҳад кард.

Профессор Эдгар Бимер аз ҷарроҳони машҳури олмонӣ дар риштаи ҷарроҳии тармимӣ, плостик ва зебоӣ ва раиси Анҷумани ҷарроҳони тармимӣ ва плостики Аврупост.

Гуфта мешавад, Осия Зулфонова рӯзи 19 –уми июн ба дасти гурӯҳе аз донишомӯзони ҷомати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ сӯхт.

Дар айни ҳол, донишомӯзони мазнун ба сӯзондани Осия, иттиҳоми худро рад кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ пас аз бозпурсӣ, омилони ҷиноятро, ки ноболиғ будаанд, раҳо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки падарбузурги Осия дар гуфтугӯ бо расонаҳо, ҳамин донишомӯзонро омили ин ҷиноят дониста гуфтааст, ки онҳо муттаҳамонро ба полис муаррифӣ кардаанд, аммо полиси маҳаллӣ ин афродро пас аз бозпурсӣ озод кардааст.

Се наврасе, ки дар даст доштан ба ин ҷиноят муттаҳам ҳастанд, Осияро нахуст дар симтӯр баставу сипас оташ задаанд .

Дар ҳамин ҳол Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон далели дар боздошт қарор надоштани муттаҳамонро ноболиғ будани онон унвон карду гуфт, ки тибқи қонун муҷозоти ноболиғон дар шаклҳои дигар, аз ҷумла дур нигоҳ доштан аз муҳити иҷтимоии феълӣ сурат мегирад.