Июл 03, 2019 12:17 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди охирин гуруҳ аз зиндониёни тоҷикистонӣ аз Афғонистон

Афғонистон охирин гуруҳи зиндониёни тоҷикистониро ба кишварашон истирдод кард.

Ба нақл аз Ка-Нюз, гуруҳи ҳаштнафараи зиндониёни тоҷикистонӣ дар Афғонистон ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Шарофуддин Имомов сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфтааст, ки дигар ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Афғонистон боқӣ намондааст.

Пешбинӣ мешавда Тоҷикистон низ 80 нафар аз зиндониёни афғонистониро ба кишварашон бозгардонад.

Тавофуқ дар ин замина дар моҳи май миёни Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Салоҳуддин Раббонӣ вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳосил шуда буд.

Ба гуфтаи Шарофуддин Имомов Тоҷикистон аз истирдоди зиндониёни маҳкум ба ҷурмҳое чун қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ ба Афғонистон худдорӣ хоҳад кард.

 

Барчасп