Кумаки 70 ҳазоревроии инсондӯстонаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 03 Jul 2019 16:06:08 GMT )
Июл 03, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 70 ҳазоревроии инсондӯстонаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо маҳмулаи кумакии 70 ҳазоревроии инсондӯстонаеро барои Тоҷикистон ихтисос додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Иттиҳоди Аврупо ин маҳмулаи кумакии 70 ҳазоревроиро барои селзадагонт Тоҷикистон ихтисос додааст.

Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон эълом кард, ин кумак барои 2 ҳазору 750 нафар аз сокинони хисоротдида аз борон ва селҳои шадиди имсол дар вилоятҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон ихтисос меёбад.

Ин бастаи кумакӣ, ки шомили таҷҳизоти ошпазхона, матрас (тушак), курпа, малофа ва хайма аст, ки аз тарафи Созмони байналмилалии Салиби Сурх тақдими хонаводаҳои селзада хоҳад шуд.

Ҳамчунин сокиноне аз ин ду вилояти Тоҷикистон, ки дар пайи боронҳои шадид ва сел манозилашон комилан тахриб шудааст, аз кумаки молии Иттиҳоди Аврупо бархурдор хоҳанд шуд.

Аз 1 то 7 июн дар пайи боронҳои шадид ва сел дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазору 700 нафар ва ҳудуди ҳазор манзили маскунӣ зарар дида ва 35 дарсад аз ин манозил комилан тахриб шудаанд.