Эҳтимоли тамдиди мудат замони дарёфти корти шиносоӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44939-Эҳтимоли_тамдиди_мудат_замони_дарёфти_корти_шиносоӣ_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон аз эҳтимоли тамдиди мудатзамони дарёфти корти шиносоӣ барои атбоъи ин кишвар хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 06, 2019 07:49 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли тамдиди мудат замони дарёфти корти шиносоӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон аз эҳтимоли тамдиди мудатзамони дарёфти корти шиносоӣ барои атбоъи ин кишвар хабар доданд.

Хабаргузории Азия- Плюс бо нақл аз як манбаъаш дар Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кард,эҳтимол аст, мудатзамони дарёфти корти шиносоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон тамдид шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон 15 август охирин муҳлати дарёфти корти шиносоиро эълом карда буданд.

Ин мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон,ки исмаш ро фош накардааст далели тамдиди мудатзамони дарёфти корти шиносоӣ дар Тоҷикистон ро ба шумори зиёди мутақозиён ва камбуди зарфияти визоти кишвари Тоҷикистон дар ростои посухгӯӣ ба дархостҳои мардум барои корти шиносоӣ арзёбӣ кардааст.

Дар ин зимн гуфта мешавад агар чӣ Вазорати кишвари Тоҷикистон соатҳои корӣ дар бахшҳои тавзеъи корти шиносоӣ ро аз соати 8 субҳ то соати 10 таъийн кардааст аммо мақомоти ин бахш аз Вазорати кишвари Тоҷикистон зарфияти посухгӯӣ ба тақозои мардум дар мудат замони мушахас шударо надоранд.

Дар моҳи маи имсол Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кард,ки бо ҳадафи иҷроӣ кардани дастури давлати Тоҷикистон дар мавриди низом ва шеваи иттисол ба шабакаҳои иртиботӣ ва хидматрасонии он, тамоми афроде,ки ба асомии онҳо симкорти телефони ҳамроҳ сабт шудааст, мувазаф ба дарёфти корти шиносоӣ ҳастанд ва охирон муҳлати дарёфти ин корт ро 15 августи соли 2019 эълом карданд. Дар сурати надоштани ин корт моликони симкорт аз он маҳрум мешаванд.

Ахиран расонаҳои Тоҷикистон эълом карданд,ки нафақахурон ҳам барои дарёфти маоши нафақаашон мувазаф ба дарёфти корти шиносоӣ шудаанд.