Июл 10, 2019 13:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуст вазири Кореяи ҷанубӣ ба Тоҷикистон

Ли Нок Йон нахуст вазири Кореяи ҷанубӣ Ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садо Хуросон, дар ин бора имрӯз Дафтар матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода ва таъкид кардааст Ли Нок Йон рӯзҳои 15 то 17 июли 2019 ба даъвати Қоҳир Расулзода нахуст вазири Тоҷикистон сафари расмии худро ба ин кишвар анҷом медиҳад.

Дар чорчуби ин сафар  нахуст вазири Кореяи ҷанубӣ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Ҳамчунин музокироти ҳайати Кореяи ҷанубӣ бо ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода ва Рустам Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар назар аст.

Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ равобити чандон  қавии иқтисодӣ надоранд.

Бо ин вуҷуд равобити ду кишвар асосан дар заминаи воридоти технологӣ аз Кореяи ҷанубӣ ва хушкбор аз Тоҷикистон шакл гирифтааст.

Бахши гардишгарӣ низ аз дигар бахшҳои ҳамкории Душанбе ва Сеул аст.

Барчасп