Сел дар Сангвори Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45178-Сел_дар_Сангвори_Тоҷикистон
Бориши шадиди борон ва сел дар ноҳияи Сангвор, роҳҳову пулҳо ва хонаҳои мардуми ин ноҳияи кӯҳистониро тахриб кардааст.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июл 15, 2019 20:22 Asia/Dushanbe
  • Сел дар Сангвори Тоҷикистон

Бориши шадиди борон ва сел дар ноҳияи Сангвор, роҳҳову пулҳо ва хонаҳои мардуми ин ноҳияи кӯҳистониро тахриб кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон эълом кард, ин сел талафоти ҷонӣ надоштааст.

Дар айни ҳол барои муҳосибаи хисорати воридшуда ба мардум ва тармими зерсохтҳои тахрибшуда комиссияи вижае таъсис шудааст.

Аз сӯи дигар, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон чаҳор рӯзи пеш эълом карда буд, дар пайи афзоиши дамои ҳаво дар Тоҷикистон эҳтимоли об шудани пиряхҳо, сел ва рониши замин бештар мешавад.