Маҳкумияти зиндон ба ҷурми тарафдорӣ аз мухолифон дар Тоҷикистон
Яке аз сокинони шаҳристони Панҷакент ба иттиҳоми тарафдорӣ аз мухолифони Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд.
Ба нақл аз Ахбор, додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рӯзи гузашта Иброҳим Қосимовро барои муддати нуҳу ним сол равонаи зиндон кард.
Гуфта мешавад Иброҳим Қосимов зодаи рустои Амондарра дар шаҳристони Панҷакенти вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 31 сол син дорад ва ду фарзанд дорад.
Бар асоси қарори додгоҳ вай ба узвият дар созмонҳои ифротӣ ва барангехтани низои қавмӣ ва мазҳабӣ муттаҳам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бародари Иброҳим бо ирсоли номаи саргушодае ба раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти Тоҷикистон танҳо амали ӯро ба иштирок гузоштани матолиби сомонаи Гуруҳи-24 зикр карда ва бақияи иттиҳомоти ворида аз сӯи мақомотро кизб донистааст.
Абулқосим Қосимов муддаӣ аст сарҳанг Қувватов бозраси парвандаи Иброҳим Қосимов аз падараш 50 ҳазор доллар ба унвони ришва талаб намудааст. Ба дунболи худдории падари Иброҳим аз пардохти ришва сарҳанг Қувватов иттиҳомоти бепоя ва асосро ба муттаҳам ворид ва дар ниҳоят низ додгоҳ ҳукми ёдшударо содир кард.