Июл 19, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Фирори як зани тоҷик аз чанголи ДОИШ дар Сурия

Як зани тоҷикистонӣ, ки аз дасти гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия муваффақ ба гурез шуда, ин иқдоми худро фирор аз дӯзах номидааст.

Зайнура Толибова дар гуфтугӯ бо нашрияи "Садои мардум" чопи Душанбе гуфтааст, ки ҳамсараш Абдулбек, ки аз чеченҳои муқими Русия буда, ӯ ва фарзандонашро соли 2013 аз тариқи Туркия ба Сурия бурдааст.

Абдулбек, ки дар Русия ва Туркия таҳти таъсири мубаллиғони ДОИШ қарор гирифта буд, дар Сурия ба ин гурӯҳи террористӣ пайваст ва баъдҳо дар ҷангҳои ин кишвар кушта шуд.

Зайнура, ки худ шоҳиди айнии авомфиребӣ ва ваҳшигариҳои аъзои ДОИШ ва "Ҷабҳатуннусра" буда, бо мусоидати курдҳои Сурия ба Туркия фирор карда ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон дар солҳои ахир 1900 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон роҳии ҷангиҳои Сурия ва Ироқ шуда ва ба гурӯҳҳои террорист, монанди ДОИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 500 тан кушта шудаанд.

 

Барчасп