Июл 21, 2019 09:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 24 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия

Вазири муорифи Тоҷикистон эълом кард, ки шумори зиёде аз донишҷӯёни бурсияи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғули фарогирии улуми мухталиф ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Нуруддин Саид дар нишасти хабарии ахири худ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия наздик ба 24 ҳазор донишҷӯи бурсия дорад ва алоқамандии довталабон барои вуруд ба марокизи илмии Русия низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон барномаҳои омӯзишии марокизи донишгоҳии Русия ва Тоҷикистон бо якдигар бисёр наздик аст ва ҳеҷ таноқузе миёни ин барномаҳо вуҷуд надорад.

Нуруддин Саид афзуд, Русия дар бахши омӯзишӣ низ шарики муҳимми Душанбе ба ҳисоб меояд ва созишномаи тобеияти дуҷониба миёни ду кишвар заминаи ҳузури озодонаи атбои тоҷик дар Русия ва русҳо дар Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи Нуруддин Саид тарҳи сохти 5 мактаби нав ҳар як бо гунҷоиши ҳазору 200 донишҷӯ дар Тоҷикистон аз сӯи Русия омода ва тарафи русӣ мутааҳид шудааст, ки то поёни имсол сохти ин марокизи омӯзишӣ оғоз хоҳад шуд.

Барчасп