Дидори сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо вазири энергетикаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45312
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика ва захираҳои оби ин кишвар ва раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дидор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 21, 2019 18:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо вазири энергетикаи Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика ва захираҳои оби ин кишвар ва раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дидор кард.

Ба нақл аз сафорати Эрон дар Душанбе, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин дидор бо ишора ба дидорҳои ахири миёни мақомоти олии ду кишвар, бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон, бавижа дар ҳавзаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон омодагии Теҳронро барои тақвияти муносибот бо кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон эълом кард.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ бо ишора ба шурӯи фаъолияти сафирони нави ду кишвар, аз раванди пешбурди равобит дар тайи моҳҳои ахир ибрози ризоият кард ва изҳор дошт: Муносибот миёни мо, аз ҷумла дар ҳавзаи пешбурди ҳадафҳои Комиссияи муштарак беш аз  пеш тақвият шавад.