Июл 22, 2019 09:06 Asia/Dushanbe
  • Талош барои  қонуни ислоҳи андози  Тоҷикистон

Пас аз шикоятҳои фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз сангин будани мизони андоз дар ин кишвар,ба дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури коргурӯҳи вижае барои ислоҳи қонуни андоз ташкил шудааст.

Ба нақл аз Топ Ти Ҷи, ин коргурӯҳ ба раёсати Давлат Алисаид муовини аввали нахусти вазири Тоҷикистон то кунун се нишаст баргузор карда ва пешниҳодҳои ирсолшуда дар заминаи ислоҳи қонуни андозро  мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бар асоси гузориши муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати байналмилаллии 

Pricewaterhouse Coopers дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи мизони андози  дарёфти қарор гирифтааст,ки 67 ва се даҳуми дар сад ва болотарин шохис дар миёни кишварҳои аврупои шарқӣ ва Осиёӣ Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Олимҷон Бобоев раиси Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон муътақид аст бекоҳиши мизони андози  дарёфтӣ дар ин кишвар рӯшди иқтисод ва афзоиши саҳми бахши хусусӣ ғайри мумкин мебошад.

Вай мегуяд дар соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон номгӯи андози  дарёфтиро аз 21 маврид ба 12 маврид коҳиш дод,аммо ин иқдом муҷиби афзоиши мизони андози дарёфтӣ шуд,ки бори сангинеро барои андоздиҳандагон таҳмил кард. 

Бо ин ҳол теъдоде аз фаъолони бахши хусусӣ гуфтаанд аз онон барои ширкат дар нишастҳои коргурӯҳи вижаи ислоҳи қонуни андоз даъват нашудааст,ки ин амр шафофияти амалкарди ин ниҳодро зери суол мебарад.

 Аммо Завқибег Шодиён намояндаи Вазорати андози Тоҷикистон мегуяд пешниҳодҳои бахши хусусӣ бояд ба сомонаи расмии ин коргурӯҳ ирсол шавад,ки ҳангоми баррасии мавзуи коҳиши  андози  дарёфтӣ ммадди назар  қарор дода мешавад.

Бар асоси гузориши Бонки миллии Тоҷикистон дар ин кишвар дар соли 2018 ба таври расмӣ 4 миллион нафар андоз  диҳанда ва 270 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ сабти ном шудаанд.