Июл 22, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди шароити сармоягузории иқтисодӣ дар Тоҷикистон

Утоқи саноат ва бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ва беҳбуди шароити сармоягузорӣ дар ин кишвар ибрози тамоюл кард.

Ба гузориши “Форс”, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи саноат ва бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси матбуотӣ дар мавриди молиёт дар шаҳри Душанбе эълом кард, ки ба манзури ҷазби сармоягузори хориҷӣ бояд шароити хубе дар кишвар фароҳам шавад ва барои рақобат бо кишварҳои ҳамсоя бояд шароити беҳтаре нисбат ба кишварҳои ҳамсоя барои онҳо фароҳам сохт.

Гуфта мешавад, ки бисёре аз сармоягузорон ва бозаргонон аз муҳити ошуфта ва номатлуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон норозӣ ҳастанд. Коршиносон низ бар ин боваранд, ки ин кишвар беш аз кишварҳои ҳамсояи худ молиёт дарёфт мекунад. Аз ин рӯ, бештар ба иртиқои системаи молиётӣ ниёз дорад.

Намояндаи парлумони Тоҷикистон системаи осонсозии додани муҷаввизи ташкили ширкат ва ташкилоти иқтисодиро барои ҷазби сармоягузорони хориҷӣ ва беҳбуди шароити кишвар муҳим донист. Бар асоси иттилооти Ожонси омори Тоҷикистон, сармоягузориҳои хориҷӣ соли гузаштаи мелодӣ дар Тоҷикистон 644.5 миллион доллар будааст, ки беш аз 328 миллион доллар аз онро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, воридоти сармояи мустақим ба Тоҷикистон дар муқоиса бо як соли пеш 27.7 миллион доллар коҳиш доштааст. Бо ин ҳол, коҳиши сармоягузории мустақим дар Тоҷикистон тавассути бархе аз ширкатҳои хориҷӣ барои пардохти молиёт ва фирори молиётӣ анҷом мешавад.

Тоҷикистон дар рутбабандии соли ҷории мелодӣ дар мавриди пардохти молиёт аз миёни 190 кишвар ҷузви 10 кишвари дорои бори молиётӣ унвон шуд. Дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон дар ин феҳрист дар ҷойгоҳи 50, Қазоқистон 56 ва Узбакистон 64 қарор дода шудаанд.  

 

Барчасп