Июл 22, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии се асари аккоси ҳурмузгонӣ ба Ҷашнвораи байналмилалии акси Тоҷикистон

Осори се аккоси ҳурмузгонӣ ба Ҷашнвораи байналмилалии акси Тоҷикистон роҳ ёфт.  

Ба гузориши ИСНА, се асар аз Абдулқодири Дарёнавард, аккоси қишмӣ дар Ҷашнвораи байналмилалии акси “Тоҷик Фото Арт 2019” дар кишвари Тоҷикистон пазириш шуд.

Мудири мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии минтақаи озоди Қишм гуфт, мавзӯи ин се акс табиат ва ҳаёти ваҳши Қишм аст.

Тоҳира Шаҳракӣ афзуд, Абдулқодири Дарёнавард ҳунарманди аккоси қишмӣ - 34 сола аст ва панҷ сол аст аккосӣ мекунад.

Вай изофа кард, 2-юми меҳри соли 1398 аз баргузидагон қадрдонӣ мешавад.

Ҷашнвораи байналмилалии акси Тоҷикистон ҳар сол зери назари Федератсияи байналмилалии ҳунари аккосӣ дар 6 бахши озоди якранг, озоди рангӣ, мардум, портрет, чашмандоз ва гардишгарӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп