Июл 24, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳкори коршиноси тоҷик барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Коршиноси масоили сиёсӣ, муовизаи замин миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвар муассир донист.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба даргирии ахир дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар остонаи дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар дар ин минтақа, ҳалли фаврии ин ихтилофро зарурӣ тавсиф ва пешниҳод кард, ки барои поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва  Қирғизистон ва хориҷ кардани рустоҳои тоҷикнишин ва қирғизнишин аз муҳосира, ду тараф заминҳоро муовиза кунанд, то иртиботи заминии мустақим миёни марказҳои ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон бо фармондории Ворух ва Ботканди Қирғизистон бо фармондории Оқсой барқарор шавад.

Абдулғанӣ Муҳаммадаминов пешниҳод кард, барои сохти роҳҳои нави иртиботӣ, заминҳои ду кишвар ба иҷораи тӯлонимуддат дода шавад ва роҳҳои феълии Исфара - Ворух ва Ботканд - Лайлак бар асоси созишномаи дуҷониба, ҷоддаи байналмилалӣ талаққӣ шавад, то аз баста шудани ин бузургроҳҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Вай ҳамчунин сохти ду туннел дар ин масирро дар ҷилавгирӣ аз бастани ин ҷоддаҳо аз сӯи тоҷикҳо ва қирғизҳо ба баҳонаиҳои мухталиф муассир унвон кард.