Размоиши низомии муштараки Чин ва Тоҷикистон ва нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ
(last modified Mon, 29 Jul 2019 11:30:42 GMT )
Июл 29, 2019 16:30 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомии муштараки Чин ва Тоҷикистон ва нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ

Размоиши низомии ахири Чин ва Тоҷикистон агарчӣ авҷи нуфузи Пекин дар минтақа нест, аммо метавон онро ба унвони оғозе бар поёни нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ талаққӣ кард.

Ба гузориши “Тасним”, маҷаллаи интернетии “Евразия дейли монитор” дар мақолае ба қалами Стефан Бланк, нависандаи китоби маъруфи “Владимир Путин ва эҳёи императории Русия” ба баррасии ҳамкориҳои низомии Чин ва Тоҷикистон ва вуруди Пекин ба ҳавзаи нуфузи стратегии Русия пардохтааст.

Дар идомаи ин таҳлил мехонед: дар поёни моҳи июл Тоҷикистон ва Чин манёврҳои низомии муштараки худро дар минтақаи худмухтори Бадахшон баргузор мекунанд.

Ин тамрини муштараки зиддитеррористӣ нерӯҳои низомии ҳавоӣ, заминӣ ва зиддиҳавоии Тоҷикистонро даргир мекунад.

Таркиби мушорикати нерӯҳои чинӣ дар ин размоиш ҳанӯз эълом нашудааст

Ин нахустин бор нест, ки сарбозони чинӣ бо ҳамтоёни худ дар Тоҷикистон размоиши муштарак баргузор мекунанд.

Дар соли 2016 низ як нерӯи муштараки ҳудудан 10 ҳазорнафарӣ, нахустин манёври муштараки Чин ва Тоҷикистонро, ки он ҳам дар Бадахшон буд, баргузор карданд. Дар ҳамон сол Чин, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон чорчӯби чаҳорҷонибаи механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризмро шакл доданд

Бо ин вуҷуд, иттилоияи марбут ба размоиши феълӣ аҳамияти музоафе аз онро ба намоиш гузоштааст.