Август 01, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои роҳандозии тавлиди худравҳои олмонӣ ва жопонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастури роҳандозӣ барои тавлиди худравҳои олмонӣ ва жопониро содир кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, вазири саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури ин кишвар барои сохти корхонаҳои тавлиди худравҳои олмонӣ ва жопонӣ дар дохили ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Заробууддин Файзулоҳзода гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон  дастур дод, ки мавзӯи сохти корхонаҳои тавлиди худравҳои олмонӣ ва жопонӣ дар дохили кишвар баррасӣ шавад.

Вай дар ин замина таҷрибаи кишварҳои Узбакистон ва Қирғизистонро мисол задааст, ки бо ширкатҳои чинӣ ва Кореяи ҷанубӣ корхонаҳои муштараки тавлиди худравҳоро таъсис карда ва маҳсулоти худро ба дигар кишварҳо аз ҷумла Русия ва Осиёи Марказӣ содир мекунанд. Ба гуфтаи ин вазири тоҷик ин кишвар ба шиддат камбуди саллаи худрав дорад ва акнун бо ширкатҳои Русия, Чин, Кореяи ҷанубӣ ва Беларус барои сохти корхонаи тавлиди саллаи мошин дар ҳоли музокира аст.

Вазири саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар корхонаҳои тавлиди трактор ва афтобус бо ҳамкории ширкатҳои Беларус ва Туркия фаолият мекунад, ки маҳсулоти ин марокиз ба Узбакистон ва Афғонистон содир мешавад.

Барчасп