Август 02, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду мақоми тоҷикистонӣ ба иттиҳоми фасоди молӣ

Ду мақоми Ҳукумати Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуданд.

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Фирӯз Ҳакимов ва Ф. Азизов ба ҷурми гирифтани 8 ҳазору 500 сомонӣ ришва хабар додааст. Ҳакимов ва Азизов то қабл аз боздошт аз мақомоти аршади Вазорати роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон будаанд.

Гуфта мешавад, ин ду нафар дар ивази судури муҷаввизи кор барои яке аз фаъолони бахши хусусӣ дар риштаи ҳамлу нақл аз ӯ ришва талаб кардаанд.

Боздошти ин ду мақоми ҳукуматӣ ба ҷурми ришвахорӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба тозагӣ додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду корманди баландпояи Хадамоти назорати беҳдоштии ин кишвар бо номҳои Муҳаммадаброри Идрис ва Файзалии Ашӯралиро ба ҷурми дарёфти ришва ба 9 ва 4 соли зиндон маҳкум кард.

 Фасод ва ришвахорӣ аз муъзалоти ҷомеаи Тоҷикистон қаламдод мешавад.

 

Барчасп