Кумаки 27 миллион евраии Олмон барои сохти нерӯгоҳи Себзор
Олмон барои тақвияти барномаи рушди минтақаҳои деҳот ва сохти нерӯгоҳи барқ обии Себзор дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 27 миллион евра ихтисос медиҳад.
Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, созишномаи вогузории ин кумаки молиро ахиран Неъматуллоҳ Ҳикматзода ва Усмоналӣ Усмонзода вазирони рушди иқтисод ва тиҷорат ва энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Найҳарт Ҳияфер Висинг сафири Олмон дар Тоҷикистон дар Душанбе имзо кардаанд.
Нерӯгоҳи барқ обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон бо зарфияти тавлиди 60 миллион киловат соат барқ дар сол, аз 29 июли соли 2015 дар ҳоли сохт аст.
Бо сохти ин нерӯгоҳ барои наздик ба 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъа шуғл эҷод мешаавад ва ин нерӯгоҳ барқи мавриди ниёзи 220 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақаро низ таъмин хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар фаслҳои баҳор ва тобистон ин нерӯгоҳ метавонад барқи изофаи тавлидро ба Афғонистон содир кунд.
Дар чорчуби ин барнома хатти 220 киловатӣ барои интиқоли барқи нерӯгоҳи Себзор ба шаҳри Хоруғи Бадахшон ба тули 18 километр сохта мешавад.