Озодии машрути раиси пешини "Тоҷик Эйр"
Август 07, 2019 14:24 Asia/Dushanbe
Раиси пешини ширкати "Тоҷик Эйр" ба шарти тарк накардани қаламрави ин кишвар аз боздошти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон озод шуд.
Ба нақл аз сомонаи "Ахбор", Рустам Холиқов ду рӯз пеш дар остонаи сафар ба Туркия дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва пас аз бозҷӯӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озод шуд.
Ин дар ҳоле аст, ахиран додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ин мақоми пешини ҳукумати Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Рустам Холиқов муттаҳами аслии варшикастагии ширкати ҳавопаймоии "Таҷик Эйр" маҳсуб мешавад.
Барчасп