Август 15, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси тулонии Сухангӯи собиқи нерӯи марзбонии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон сарҳанги дуввум Муҳаммадҷон Улуғхоҷаеви 36 сола Сухангӯи пешини нерӯи марзбонии вобаста ба кумитаи давлатии Амнияти миллии ин кишварро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс,вай,ки рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ боздошт шуда буд,бо ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон,ки пушти дарҳои баста баргузор шуд, ба 15 соли зиндон маҳкум гардид.

Гуфта мешавад,ки намояндаи додситонии низомии Тоҷикистон аз додгоҳ хоста буд,ки сарҳанги дуввум Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ба 20 соли зиндон маҳкум кунад аммо ин дархост ба 15 сол коҳиш дода шуд.

Ҳамчунин бархе манбаъҳо дар нерӯи марзбонии Тоҷикистон беифшои ном ,гуфта буданд ҷузиёти иттиҳоми интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёми расонаҳо ва ин,ки ин иттилоот ба кадом кишвари хориҷӣ ё ниҳоди амнияттӣ ирсол шудааст мушахас нест.

Сарҳанги дуввум Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев донишомӯхтаи риштаи физикаи донишгоҳи фановариҳои Тоҷикистон аст,ки аз соли 2009 дар нерӯи марзбонии ин кишвар фаъолият мекард.

Барчасп